Маълумот барои муаллифон

ТАРТИБИ ҚАБУЛ КАРДАНИ МАВОДҲО БАРОИ ЧОП ДАР МАҶАЛЛАИ ИЛМИЮ СИЁСИИ “ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ”-И АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Мақола ба шуъбаи таҳрир ва табъу нашри Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли чопӣ ва электронӣ пешниҳод карда мешавад.

Дар маҷаллаи илмӣ мақолаҳое нашр карда мешаванд, ки натиҷаҳои тадқиқоти илмии мутобиқ ба ихтисосҳои илмӣ ва соҳаҳои илмии зерини мутобиқатдошта: 5.2. (08.00.00) – Иқтисод; 5.2.3. – Иқтисоди минтақавӣ ва соҳавӣ; 5.2.4. – Молия; 5.2.5. – Иқтисоди ҷаҳонӣ;  5.1. (12.00.00) Ҳуқуқ; 5.1.1.- Илмҳои ҳуқуқии назариявӣ-таърихӣ; 5.1.2. – Илмҳои ҳуқуқи умумӣ (ҳуқуқӣ-давлатӣ); 5.1.3. – Илмҳои хусусии ҳуқуқӣ (шаҳрвандӣ); 5.5. (23.00.00) – Сиёсатшиносӣ 5.5.3.-Идоракунии давлатӣ ва сиёсати соҳавӣ; 5.5.4.- Муносибатҳои байналмилалӣ.

Муаллифони мақолаҳо бояд натиҷаҳои боэътимоди корҳои илмии анҷомдодашударо пешниҳод кунанд ва онҳо бояд аслӣ бошанд, инчунин қаблан дар дигар маҷаллаҳо нашр нашуда бошанд. Маълумоти дар тадқиқот инъикосёфта бояд дар шакли хаттӣ дақиқ баён гардида бошанд. Мақола бояд миқдори кофии маълумот оид ба масъалаи мавзӯи интихобшударо дар бар гирад. Муаллифи мақола пеш аз ба нашриёт фиристодани он бояд риояи имлои умумӣ, мутобиқати дурусти истилоҳот ва грамматикаи матнро бодиққат тафтиш кунад. Муаллифон бояд ба нусхабардории корҳои худ ва сохтакорӣ кардани матни мақолаи пешини хеш роҳ надиҳанд, онҳо метавонанд танҳо ҳамчун асос барои хулосаҳои нав истифода шаванд.

Ба ҳамаи мақолаҳои барои нашр пешниҳодгардида дар асоси қоида ва тартибе, ки мудирияти маҷалла муқаррар кардааст, аз ҷониби мутахассисони салоҳиятдори соҳа тақриз дода мешавад. Қарор дар бораи имконияти нашри дастнависи мақола ба тариқи истисно пас аз гирифтани натиҷаҳои тақриз қабул карда мешавад.

 

  1. ТАЛАБОТ БА МАЗМУН ВА ҲАҶМИ МАҚОЛА:

1.1. Ҳаҷми мақола бояд аз 15 то 25 ҳазор аломат (бо фосила, бо назардошти иқтибосҳо) ё 10-15 саҳифа бошад. Нашр кардани ҳаҷми хурдтар ё калонтари мавод бояд бо мудирияти маҷалла мувофиқа карда шаванд;

1.2. Мақола бояд дар мавзӯи муҳим навишта шуда, ба мавзуъ/масъалаи тадқиқшаванда дорои навоварии муайян бошад;

1.3. Мақола бояд натиҷаҳои тадқиқоти илмии дар асоси таҳлили сохторҳои назариявӣ, санадҳои меъёрии маводи амалияи татбиқи ҳуқуқро инъикос намояд;

1.4. Мақола бояд индекси таснифоти даҳгонаи универсалӣ (УДК), ки нашрия аз рӯйи мавзӯи худ ба он тааллуқ дорад, дошта бошад. Барои ин муаллиф бояд ба шуъбаи иттилоотӣ-библиографии китобхонаи ҷойи кор (таҳсил) муроҷиат кунад ё бо истифода аз захираҳои интернетии дахлдор мустақилона онро муайян намояд;

1.5. Мақола бояд ба яке аз самтҳои (фаслҳо) маҷалла мувофиқ бошад;

1.6. Ҳамаи файлҳое, ки ба мудирияти маҷалла барои чоп фиристода мешаванд, бояд ҳамчун як файли бойгонӣ бо номи муаллифи мақола пешниҳод карда шаванд;

1.7. Дастнависҳои мақолаҳо ва дигар мавод ба муаллифон баргардонида намешаванд. Маводҳое, ки ба қоидаҳо мувофиқат надоранд, барои коркарди нави техникӣ ба муаллифон фиристода мешаванд. Мақолаҳое, ки ба муаллифон барои коркарди нави техникӣ  фиристода шудаанд, бояд дар муҳлати тавсияшуда ба мудирияти маҷалла баргардонида шаванд. Дар сурати аз тарафи муаллиф такроран риоя накардани коидаҳои муқарраргардида аз ҷониби мудирияти маҷалла, онҳо ҳуқуқ доранд, ки масъалаи чопи онро ба назар нагиранд;

1.8. Мақолаҳои пешниҳодшуда дар барномаи «Антиплагиат» тафтиш карда мешаванд. Агар аслияти матни мақола на камтар аз 75% бошад, мақола аз рӯйи меъёри аслият натиҷаи мусбии санҷиш мегирад, ки дар натиҷа мудирияти маҷалла дар бораи ба чоп қабул кардани он қарор қабул мекунанд. Дар сурати аслияти камтар аз 75% матн, яъне ошкор намудани плагиат дар матни мақола, бе ҳуқуқи коркарди минбаъда ё таҷдиди назар кардан, рад карда мешавад;

1.9. Барои эътимоднокӣ ва саҳеҳии ҳама гуна маълумоти дар нашрия чопшуда муаллифи он (муаллифон) ҷавобгар мебошад;

1.10. Ҳангоми истифодаи маводи чоп дар маҷаллаи илмии «Идоракунии давлатӣ» истинод ба он ҳатмист;

1.11. Нуқтаи назари муҳаррирон на ҳамеша бо нуқтаи назари муаллифони мақолаҳо мувофиқ меояд. Муаллифон барои мундариҷаи мақолаҳо ва эътимоднокии далелҳо масъуланд.

 

  1. ТАЛАБОТ БАРОИ ТАҲИЯИ МАТНИ МАҚОЛА:

2.1. Матни мақола дар файле, ки дар ҳама гуна шакли  Word бо тамдиди .doc, .docx ё .rtf ҳифз шудааст, ба мудирияти маҷалла фиристода мешавад;

2.2. Сохтори мақола: унвони мақола, насаб, ном ва номи падари муаллиф/муаллифон (пурра нишон дода мешавад), маълумот дар бораи муаллиф, вазифаи ишғолкарда (категорияи омӯзандагон) (пурра нишон дода мешавад, аз ҷумла номи пурраи воҳиди сохторӣ), номи ташкилоте, ки муаллиф дар он кор (таҳсил) мекунад (номи пурраи расмиро нишон медиҳад), дараҷаи илмӣ ва унвони илмӣ; суроғаи ҷойи кор (таҳсил) – индекси почта, номи давлат (номи пурраи расмӣ нишон дода мешавад), макони зист, кӯча, хона; рақами телефон; суроғаи почтаи электронии(e-mail)-и муаллиф. Агар мақола аз ҷониби якчанд муаллиф таҳия шуда бошад, ном ва маълумот барои ҳар як муаллиф алоҳида нишон дода мешавад;

2.3. Аннотатсияи мақола (на камтар аз 150 ва на бештар аз 250 калима), калимаҳои калидӣ (дар ҳаҷми на камтар аз 6 ва на бештар аз 10 калима), (ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ), матни асосии мақола (мазмуни асосӣ), рӯйхати адабиёт. Рӯйхати адабиёт бояд на камтар аз 10 сарчашмаи илмиро дар бар гирад, аз он ҷумла манбаъҳое, ки муаллиф дар қисми асосии мақола истинод кардааст. Рӯйхати адабиёт дар охири мақола бо тартиби алифбо оварда мешавад;

2.4. Матн бояд бо як шрифт – Times New Roman, андозаи шрифт – 14 пт, фосилаи сатр – якуним, сархат – 1,25 см бошад;

2.5. Калимаҳои «Аннотатсия», «Калидвожаҳо», «Адабиёт» бо ҳарфи нимсиёҳи ғафс дар сатри алоҳида, андозаи ҳуруф – 12 ст.

2.6. Ҷойгиркунии иқтибосҳо: истинодҳо дар қавсҳои мураббаъ ([19, с. 42]);

2.7. Рӯйхати адабиёти истифодашуда (на камтар аз 10 ва на зиёда аз 25 номгӯи адабиёти илмӣ) бошад. Ҳангоми тартиб додани рӯйхати адабиёт бояд ГОСТ 7.0.5-2008 библиографӣ ва ГОСТ 7.1-2003 библиографиро ба инобат гирифт. Муаллиф барои дурустии маълумоти дар рӯйхати библиографӣ овардашуда масъул аст.

 

  1. БОЙГОНИИ МАҶАЛЛА

3.1. Бойгонии электронии ҳама маҷаллаҳоии нашршудаи «Идоракунии давлатӣ» дар шабакаи Интернет на камтар аз 5 (панҷ) соли тақвимӣ аз рӯзи нашрашон нигоҳ дошта мешаванд;

3.2. Сомонаи расмии маҷалла барои истинод (дар он рақами нашр ва мақола нишон дода шудааст): https://journal.apa.tj