Нашрия

Маҷалла аз соли 2005 таъсис ёфтааст.

Маҷалла дар як сол 4 шумора бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ нашр мешавад.

Маҷалла дар Феҳристи маҷаллаҳои илмии тақризшавандаи Комиссияи олии аттестатсионии назди Вазорати илм ва таҳсилоти олии Федератсияи Россия (аз 21.02.2023) ва Феҳристи маҷаллаҳои тақризшавандаи Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 11.06.2019), ки дар онҳо бояд натиҷаҳои асосии илмӣ оид ба дарёфти дараҷаҳои илмии номзади илмҳо ва доктори илмҳо нашр гарданд, ворид карда шудааст.

Маҷалла дар Индекси иқтибосҳои илмии Россия (РИНЦ) ворид карда шудааст. Ба таври доимӣ шумораҳои нашршудаи маҷалла дар китобхонаи илмии электронии e-library.ru ворид карда мешавад.

Маҷалла дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун васоити ахбори омма ба қайд гирифта шудааст. Шаҳодатномаи № 012/МҶ-97 аз 03.07.2017.

Маҷалла мақолаҳои илмии соҳаҳои зерини илмро барои чоп қабул менамояд:

 5.2. (08.00.00) – ИҚТИСОДӢ

5.2.3. Иқтисодиёти минтақавӣ ва соҳавӣ

5.2.4. Молия

5.2.5. Иқтисоди ҷаҳонӣ

5.1. (12.00.00) – ҲУҚУҚ

5.1.1. Илмҳои назариявӣ-таърихии ҳуқуқӣ

5.1.2. Илмҳои оммавӣ – ҳуқуқӣ (давлатӣ – ҳуқуқӣ)

5.1.3. Илмҳои хусусӣ – ҳуқуқӣ (маданӣ)

5.5. (23.00.00) – СИЁСАТШИНОСӢ

5.5.3. Идоракунии давлатӣ ва сиёсати соҳавӣ

5.5.4. Муносибатҳои байналмилалӣ